Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотел

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Америка дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ки ҳадафҳои муштараки саҳмгузорӣ дар таъмини амният ва суботи минтақа доранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз ҳамкории ниҳодҳои низомии Тоҷикистон бо Америка дар доираи барномаҳои «Дастгирии байналмилалии молиявӣ», «Ташаббуси глобалии сулҳофарӣ», «Таълими низомӣ», «Мубориза бо терроризми байналмилалию гадиши ғайриқонунии маводи мухаддир» ва фаъолияти Маркази миллии таълимии мубориза бар зидди терроризм ва маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештари ҳамгироӣ дар ин самт таъкид намуданд.

Чонибҳо ҳамчунин барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар самти таҳкими иқтидору имконоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо назардошти афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ва фаъолшавии гурӯҳои ҷинояткори муташаккил фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамзамон мавзуъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуд.