Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Полша Анҷей Себастян Дуда, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таваққуфи кутоҳи транзитӣ кард, мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Сарони ду давлат муносибатҳои Тоҷикистону Полшаро баррасӣ карда, оид ба баъзе масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули андеша намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Полша Андрей Дуда ба Сарвари давлати мо барои пазироии гарм изҳори сипос карда, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу кард.