Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо

Имрӯз дар шаҳри Будапешт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мулоқоти корӣ доир намуданд.

Дар мулоқот самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи сафиронро ба «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то давраи соли 2030» ва ҷалби ҳарчи бештари шарикони Аврупои дар татбиқи ин Барнома ҷалб намуда, доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти иқтисоду савдо, илму фарҳанг ва туризм, робита бо ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои муосир аз кишварҳои пешрафтаи Аврупо дастурҳои зарурӣ доданд.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки намояндагиҳои дипломатии кишвар дар татбиқи ташаббусҳои Тоҷикистон бахусус Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 бояд нақши муассир дошта, дар ҳамаи сатҳҳо ҳамкориҳои густурда бо кишварҳои узви СММ ва сохторҳои дахлдори он, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ дар амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои даҳсолаи нав ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои муосир бахусус терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид гардид.