Сооронбой Жээнбеков: «Қирғизистону Тоҷикистонро риштаҳои қавии дӯстӣ ба ҳам мепайванданд»

«Қирғизистону Тоҷикистонро риштаҳои қавии дӯстӣ ба ҳам мепайванданд. Мо тамоми маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дарозмуддатро муҳокима ва ба мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудем. Мо масъалаҳои муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ, инчунин робитаҳоро дар соҳаи обу энергетика муфассал муҳокима намудем», — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба суханони Сооронбой Жээнбеков, илова бар ин, масъалаҳои марбут ба тақсимот ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баррасӣ карда шуданд ва дар натиҷа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки корро дар ин самт идома медиҳанд.

Сооронбой Жээнбеков зикр намуд, имсол дар Қирғизистон 90-солагии Чингиз Айтматов, ки дар Тоҷикистон ӯро хуб мешиносанд ва осорашро мехонанд, таҷлил карда мешавад. Чанде аз асарҳои ӯ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд. Мо умедворем, ки ҷониби Тоҷикистон дар чорабиниҳо фаъолона иштирок менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Қирғизистон сафари расмии ҷавобӣ  анҷом диҳад.

АМИТ "Ховар"