Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия

12 декабри соли равон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Истанбул мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Биналӣ Йилдирим баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибат ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз фазои мусоиди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори тавсеаи бештари тамосҳои гуногуни сатҳи сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, маориф, туризм ва дигар бахшҳои мавриди манфиати ҳамдигар гардиданд. Дар ин замина ду ҷониб азми кишварҳои хешро ҷиҳати то 1 млрд доллари ИМА афзоиш додани гардиши мол таъкид намуда, соҳаҳои нассоҷӣ, энергияи обӣ, коркарди маъдан, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатиро соҳаҳои ояндадори ҳамкории дуҷониба хонданд.

Ҳамин тартиб, миёни ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, вазъияти Шарқи Наздик ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар ин замина табодули назар сурат гирифт. Мусоҳибон ҳамзамон кӯшиши табаддулоти низомиро аз ҷониби гурӯҳ ва ҳизбҳои террористӣ дар кишварҳои ҳамдигар маҳкум намуда, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои таъмини амният изҳор намуданд.

Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва дигар намояндагони расмии ҷонибҳо ҳузур доштанд.