Нафароне, ки COVID-19-ро бенишона мегузаронанд, шояд интиқолдиҳандаи вирус набошанд

Гурӯҳи байналмилалии олимон аз Чин, Британияи Кабир ва Австралия ба чунин хулоса расидаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Известия».

Гурӯҳи олимони хориҷӣ боварӣ доранд, ки сироятёфтагони бенишонаи коронавирус шояд интиқолдиҳандаи вирус набошанд. Сухан дар бораи одамоне меравад, ки озмоишҳои мусбати COVID-19 доранд, аммо нишонаҳои беморӣ надоранд. Тадқиқот нишон доданд, ки вирус дар бадани онҳо қобилияти зистан надорад. Ғайр аз ин, мутахассисон муайян карданд, одамони бо нафарони бемориро бенишона гузаронанда робитадошта бемор намешаванд.

Нишонаҳо ва сироятёбӣ аз ҳаҷми вирусҳо вобастаанд, аз ин рӯ дар фарзияи олимони хориҷӣ мантиқ ҳаст, мегӯянд коршиносони Россия.

АМИТ «Ховар»

Tags: