Нақбканони Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 1000000 тонна ангишт коркард кардаанд

Дар ҳашт моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ангишт ба зиёда аз 1 млн. тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 183 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, дар натиҷаи самаранок ва пурмаҳсул ба роҳ мондани фаъолият, ба амал баровардани  нақшаву чорабиниҳо дар самти ташкили иқтидорҳои нав ва афзун намудани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ бо мақсади иҷрои нақшаву уҳдадориҳо, корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт тамоми имкониятҳоро истифода бурда, истихроҷи ангиштро дар ҷамъбасти ҳашт моҳи соли равон  ба зиёда аз 1 млн. тонна расониданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 183 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра Корхонаи фардии «Шахтаи «Фон-Яғноб» 452 ҳазор тонна, Ҷамъияти давлатии масъулияташ маҳдуди «Талко-Ресурс»- 206 ҳазор тонна, Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик»- 185 ҳазор тонна, КФ «КА «Зиддӣ»- 43 ҳазор тонна ва ҶДММ «Камароб»- 38 ҳазор тонна ангишт истихроҷ кардаанд.

АМИТ "Ховар"