Маросими гусел бо иштироки Амири Давлати Кувайт

Рӯзи 17 майи соли 2016 баъди анҷоми сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт.
Мавриди зикри хос аст, ки дар анҷоми сафар бо нишони эҳтироми самимӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ал-Кувайт гусел намуд.
Маросими расмии гусели меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт баргузор гардида, ба ин хотир ҷузъҳои горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ саф оростанд.
Зимни сафари навбатӣ ба ин кишвари арабӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлат ва роҳбарони воломақоми Кувайт мулоқоту суҳбатҳои судманд доир намуда, масоили рушди муносибатҳои ҳамкориро баррасӣ карданд.
Аз руи натичаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муносибатҳои ду кишварро дар сиёсати хориҷӣ, амният, илму маориф, нақлиёт ва иқтисодию кишоварзӣ муайян мекунад.
Дар маҷмуъ байни ду кишвар 17 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки бахшҳои гуногунро дар бар гирифта, барои тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории байни ду кишвар заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Инчунин дар давоми ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону тоҷирони кувайтӣ имконияту захираҳои мавҷуда ва фазои мусоиди сармоягузориеро, ки Ҳукумати кишвар барои амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ муҳайё кардааст, пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла иштироки ширкатҳои кувайтӣ дар таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва рушди туризм тамоми таклифу дархости онҳоро меомӯзад ва дастгирӣ менамояд.
Мулоқоти хубу хотирмони дигарро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Давлатии Кувайт бо устодону донишҷуён оид ба нашри арабии китоби чоруми “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва муаррифии таъриху тамаддун ва фарҳанги бою қадимаи халқи тоҷик доир намуд. Олимони Донишгоҳи Давлатии Кувайт Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо сиёсатмадори маъруфу чеҳраи шинохтаи сиёсии олам, балки ҳамчун муаррихи барҷаста эътироф намуданд.