Дар Файзобод Рӯзи Ваҳдати миллиро ботантана таҷлил доранд

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бо иштироки раиси ноҳия, фаъолон, собиқадорон, ҷавонон ва меҳмонон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ сокинони ноҳияро бо ин иди бузург таҳният гуфта, барояшон рӯзгори хубу ором ва пойдории Ваҳдати миллиро тамано карда, ба 4 нафар шахсони  хизматнишондодаи ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Ҳамчунин дар боғи фарҳангии ноҳия бахшида ба ин санаи тақдирсоз намоиши либосҳои мактабӣ ва сайри оммавӣ баргузор мегардад ва ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия консертӣ идонаро пешкаши иштирокдорон мегардонанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: