Парлумон ду Созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро бекор кард

Парлумони Тоҷикистон ду Созишномаи байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро 30 июн бекор кард. Инҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври содда баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври содда қабул кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Созишномаи  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии  Қирғизистон оид ба тартиби соддаи гирифтани шаҳрвандӣ мебошанд.
Маҳмадшариф Ҳақдод, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти бекор кардани ду санади байнидавлатиро шарҳ дода, гуфт, ки созишномаҳои мазкур бо назардошти ҳусни ҳамҷаворӣ, нигоҳдорӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва неку ҳамсоягӣ қабул гардида, дар зарфи  14 сол амали таърихии худро пурра иҷро кардаанд. Ҳадафи  пешниҳоди  лоиҳаи қарор мутобиқ намудани он ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии байналмилалӣ равона гардидааст. Бекор кардани созишномаҳои мазкур ҳуқуқи соҳибихтиёрии гирифтани шаҳрвандии дигар давлатро маҳдуд намекунад, танҳо ин амал тибқи қонунгузорӣ татбиқ карда мешавад, яъне тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2015 қабул гардида буд.
Вобаста ба ин  Шукурҷон Зуҳуров, Раиси  Маҷлиси намояндагон зимни муҳокимаи  санадҳои мазкур гуфт, ки  Тоҷикистон бо Қирғизистон оид ба ду шаҳрвандӣ шартнома надорад.

Tags: