ҲУШДОРИ IRS: дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёткор бошед!

рӯзҳои боронӣРӯзҳои охир  дар ҷумҳурӣ  боришоти шиддатноки  борон ба мушоҳида мерасад, ки  дар натиҷа офатҳои табиӣ ба  вуқӯъ  пайваста,  боиси расидани хисороти ҷиддӣ ба соҳаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла, роҳҳои мошингард  мегардад.  Дар ин рӯзҳо дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, ки қисмати зиёди он аз минтақаикӯҳистон мегузарад, хавфи   фаромадани сангпораҳо, омадани сел, лағжиши тарма ва кӯҳпора вуҷуд доранд.

Тавре сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» изҳор дошт, тибқи огоҳии  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳавошиносии  ҷумҳурӣ  чунин вазъи  номусоиди ҳаво дар қаламрави мамлакат то охири моҳи апрел боқӣ мемонад. Аз ин рӯ,  давоми ин рӯзҳо дар  масири роҳи Душанбе – Чаноқ  хавфи омадани сел ва лағжиши тарма зиёд аст. Кормандони  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҷиҳати  ба ҳолати аввала баргардонидани қитъаҳои селшустаи роҳ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар корҳои ба ин раванд вобаста  тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Тибқи иттилои номбурда, чунин вазъият бештар дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд ба мушоҳида расида, селе, ки дар натиҷаи бориши пуршиддати борон  ба амал меояд, ба баъзе қитъаҳои роҳ зарари ҷиддӣ мерасонад. Илова ба ин, ҳамасола дар минтақаи Зарафшон сатҳи оби дарёчаҳои кӯҳӣ бамаротиб баланд шуда, аксар маврид хавфи зери об мондани баъзе мавзеъҳои роҳро ба вуҷуд меорад.

«Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, аз тарафи роҳбарияти филиали Ширкат баҳри пешгирии пайомадҳои ногувори офати табиӣ  чораҳои зарурӣ амалӣ  шуда истодаанд. Намояндагиҳои филиали Ширкат аз лаҳзаҳои аввали рух додани офатҳои табиӣ  кормандон, техникаву механизмҳои заруриро баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани он  сафарбар намуда, рисолати хешро дар сатҳи хубу сифати баланд ба ҷой оварда истодаанд. Дар  ин робита  аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми  ҳаракат дар роҳи Душанбе – Чаноқ эҳтиёткору дақиқназар бошанд ва дар сурати ба мушкил мувоҷҷеҳ шудан  тариқи  шумораи телефони 487011020 бо кормандони ширкат  тамос гиранд.  Кормандони ширкат  ҳатман ба  кумаки чунин ашхос шитофта, мушкили онҳоро осон  хоҳад кард», — афзуд Д.Абдулло.

АМИТ «Ховар»