Имрӯзҳо ҳунаромӯзӣ ва истеҳсоли матоъҳои гуногун дар марказҳои таълимӣ-истеҳсолии вилояти Суғд бомаром идома дошта, дар нуҳ моҳи соли равон занҳои ҳунарманди вилоят 18 ҳазору 386 метр матои атлас ва адрас истеҳсол карданд.
Аз миқдори умумии матоъҳои истеҳсолгардида бештар аз 9,5 ҳазор метри он ба фурӯш рафтааст.
Баҳри эҳё намудани меҳнати хонагии занону духтарон дар вилояти Суғд таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот беш аз 150 маркази ҳунаромӯзӣ ташкил гардидааст, ки дар онҳо теъдоди зиёди занони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ҷалб шудаанд.
АМИТ «Ховар»