Роҳҳои Бадахшон ботадриҷ аз барф тоза карда мешаванд

Дар ситоди навбатии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед масъалаи ҳарчӣ зудтар боз намудани роҳҳои дорои аҳамияти байнамилалию маҳаллӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Шоми рӯзи 30 январ 100 километри роҳ аз маркази вилоят то деҳаи Ҷелондеҳ аз барфу тарма пок карда шуд ва рафту омади мошинҳои боркашу мусофирбар дуюмбора барқарор гардид.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ба роҳсозону дигар ниҳодҳои давлатӣ дастур дод, ки бо истифода аз тамоми таҷҳизоти техникӣ ва неруи корӣ кушиш намоянд, то роҳи Хоруғ- Мурғоб- Кулма ба рӯи мошинҳои боркаш боз гардад. Зеро ин роҳи байналмилалӣ дар ҳамкории минбаъдаи иқтисодии ду давлати бо ҳам дӯст- Чину Тоҷикистон нақши муассир мебозад. Аз ин рӯ мутобиқи қарордоди тарафайн аз соли гузашта ба ин сӯ гузаргоҳи Кулма дар чаҳор фасли сол бидуни рӯзҳои шанбе ва якшанбе боз аст. Танҳо дар моҳи январи соли равон аз тариқи ин роҳ аз давлати Чин ба қаламрави Тоҷикистон 331 мошини боркаш ворид шуданд, ки маблағи молу колои интиқолёфта наздик ба 10 миллион долларро ташкил медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки 225 адад аз ин мошинҳо ба ширкатҳои нақлиётии ҷумҳурӣ тааллуқ доранд.
Роҳсозон қавл доданд, ки то шоми 31 январ роҳи мошингарди Хоруғ- Душанберо аз барфу тарма комилан пок намуда, ҳаракати мошинҳои боркашу мусофирбарро аз сари нав барқарор месозанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: