Оғози бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Тӯрақул Зеҳнии ноҳияи Шоҳмансур ба бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё, ки дорои 420 ҷойи нишаст дар як баст мебошад, оғози расмӣ бахшиданд.

Аснои муаррифии лоиҳаи сохтмони муассиса ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки иншоот дар давоми як сол бо муосиртарин таҷҳизот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки арзиши корҳои сохтмонӣ 9 миллион сомониро дар бар гирифта, 300 нафар коргарон дар бунёди ин иншоот саҳм хоҳанд гузошт.

Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё аз ду бинои 5-ошёна бо таҳхона иборат буда, масоҳати умумии он 6 ҳазору 500 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Масоҳати зери сохтмон 1 ҳазору 700 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониёро Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ» таҳия карда, паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази таълимии Ганҷина» мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба бинокорон барои анҷоми босифати корҳо дастур дода, истифодаи масолеҳи сохтмонии баландсифатро дар иншоот аз тадбирҳои муҳими хизмати он барои чандсолаҳо арзёбӣ намуданд.

Дар муассиса баъди ба истифода доданаш дар маҷмӯъ 90 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Дар таҳхона китобхона иборат аз адабиёти бадеӣ бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла китобхонаи электронӣ ташкил карда шуда, он бо шабакаҳои китобхонаҳои машҳури Аврупо пайваст мегардад.

Синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои фаннии биноҳои таълимӣ бо навтарин дастовардҳои ҷаҳонии соҳа, аз ҷумла компютеру тахтаҳои электронӣ, дастгоҳҳои техникии озмоишӣ ва ғайра муҷаҳҳаз хоҳанд гашт.

Ҳамин тариқ, таъсис ва ба фаъолият шурӯъ гардидани Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё   дар самти рушди соҳаи маорифи кишварамон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Зеро талаботи ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки бо мақсади таълиму тарбияи дурусти ҷавонон ба соҳаи маорифи кишвар диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, раванди таълимро ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намоем.

Ҳайати омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Бритониё даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усули муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.

Тибқи дурнамо ва мувофиқаҳои қаблӣ бо шарикони бритониёвӣ, дар заминаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё ташкил намудани имтиҳоноти қабул ҷиҳати идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Бритониёи Кабир ба нақша гирифта шудааст.