То охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоиди боронӣ боқӣ мемонад

havo_0.jpgТо охири ҳафта дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоиди боронӣ боқӣ мемонад.
Аз ҷумла, аз 4 то 7 апрел ҳавошиносон дар қаламрави мамлакат боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе минтақаҳо барфи тар, раъду барқ ва боридани жоларо пешбинӣ менамоянд.
Дар ин рӯзҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво нисбатан хунук шуда, ҳарорат 2-3 дараҷа поён мефарояд.
Интизор меравад, ки ҳаво рӯзона 8-11 ва шабона 4-7 дараҷа гарм шавад.

АМИТ «Ховар»