Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 май дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои хабарнигор атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин, муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду давлат, дастовардҳои асосии Созмони Ҳамкории Шанхай, робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби ин созмон, самараи иқдоми муштараки бунёди «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим», вазъи амну субот ва рушд дар минтақаву ҷаҳон, тавсеаи робитаҳои гуманитарии ду кишвар, аз ҷумла дар Марказҳои Конфутсий ва Коргоҳи Лю Бани Чин дар Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ посух доданд.