Президенти Молдова Игор Додон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба Душанбе ташриф овард

Шаби 26 ба 27 сентябри соли равон Президенти Молдова Игор Додон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ вориди шаҳри Душанбе гардид.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ доир мегардад.

АМИТ «Ховар»