Сабаби сӯхтор дар “Амонатбонк” расиши кӯтоҳ будааст

Вазорати корҳои дохила сабаби сӯхтори дирӯз дар қисмати боми бинои Раёсати Бонки давлатии амонатгузории кишвар «Амонатбонк» -ро дар расиши кӯтоҳи ноқили барқӣ арзёбӣ кардааст.
Шоми дирӯз дар биноии марказии “Амонатбонк” сӯхтор сар зада буд, ки бо қабули бонги хатар фавран ба маҳалли ҳодиса 13 адад нақлиёти асосӣ ва махсуси оташнишонии Сарраёсати хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои он сафарбар карда шудаанд.
Ба иттилои ВКД қисмҳои чӯбини боми бинои мазкур дар масоҳати 250 м2 оташ гирифтаанд: “Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикии оташнишонии СХДО ВКД ва воҳидҳои он роҳҳои паҳншавии алангаи оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда шуда, дар кӯтоҳтарин фурсат бе паҳншавӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд”..
Гуфта мешавад, дар натиҷаи сӯхтор ҳуҷҷатҳо ва ё дигар амонату маблағҳои бонк хисорот надидаанд.

Tags: