Сарвари давлат дастур доданд, ки воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ аз боҷи гумрукӣ озод карда шавад

«Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ баён карданд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки   бо вуҷуди пешравиҳо,   дар соҳа ҳоло ҳам як силсила мушкилоте мавҷуданд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд.

Ба зикри Пешвои миллат, Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ — обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Вале истифода аз ин имконот ва ташкили инфрасохтори муосири табобативу солимгардонӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест.

«Дар Паёми соли гузашта доир ба масъалаи пастсифат будани маводи доруворӣ ва пеш нарафтани саноати дорусозӣ изҳори нигаронӣ карда будам. Вале вазъият дар ин самт то ба ҳол беҳтар нагардидааст»,-гуфтанд зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр шуд, ки  ҳоло дар мамлакат 32 корхонаи хурди соҳа фаъолият доранд, вале онҳо ҳамагӣ 240 номгӯй маводи доруворӣ ва тиббиро истеҳсол мекунанд. Яъне нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат, бо мақсади беҳтар намудани вазъ пешниҳод намуданд, ки  аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.