Дар доираи баргузории ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 то 17 июни соли равон дар намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони «Саёҳат ба хотири Сулҳ» асарҳои рассоми тоҷик Пайрав Гулов ба намоиш гузошта шуданд. Рассом дар ин намоишгоҳ ду асари худ- «Мақбараи Шоҳи зинда» ва «Самарқанди кӯҳан»- ро манзури меҳмонони ин чорабинии сатҳибаланди байналмилалӣ гардонид.
Тавре аз марказ матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, рассоми хушсалиқаи тоҷик Пайрав Гулов чандин маротиба дар намоишгоҳи рассомии кишварҳои СҲШ ва дигар давлатҳои ҷаҳон иштирок кардааст. Ба маҳсули ин ҳунарманди мониқалам аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар намоишгоҳи мазкур 45 рассом аз 22 давлати ҷаҳон иштирок намуда, асарҳои худро ба намоиш гузоштанд.
АМИТ «Ховар»