«ХУШ ОМАДЕД, МЕҲМОНОНИ БАДАХШОН!” Дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ оғоз гардид
Опубликовано вт, 22/08/2017 - 12:09 пользователем tvt
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 21 то 26 августи соли равон дар вилояти Суғд Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мешавад.
Аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ки 21 август иштирокчиёни Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ- ро сокинони ноҳияи Айнӣ зери садои карнаю сурнай бо нону асал гарму самимӣ истиқбол намуданд.


Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гурӯҳ шоирону нависандагон, роҳбарони гурӯҳҳои фолклорию этнографӣ, бофандагону косибон ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеаро, ки аз 21 то 26 август дар Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ширкат мекунанд, ба ҳузур пазируфт.
Андешидани тадбирҳо бобати бартарафкунии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бунёди шаҳраки нав аз мавзӯъҳое буданд, ки дар мулоқоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед бо намояндаи доимии шабакаҳои рушди Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон Алӣ Акбар Песнанӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.