Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон
Опубликовано ср, 13/09/2017 - 08:18 пользователем tvt
Субҳи рӯзи 13-уми сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ташриф орваданд.


Дар баъзе расонаҳои иттилоотӣ ибтидо аз рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ таҳти унвони «Баромади ансамбли доиранавозон боиси аз вазифа сабукдӯш гардидани раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Хуросон гардид», мавод ба нашр расид. Атрофи ин мавод фикру мулоҳизаҳои нодуруст, аз ҳақиқат ва асли воқеа дур дарҷ гардиданд.