ҲУШДОРИ IRS: дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёткор бошед!
Опубликовано ср, 24/04/2019 - 22:39 пользователем admin
Рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ боришоти шиддатноки борон ба мушоҳида мерасад, ки дар натиҷа офатҳои табиӣ ба вуқӯъ пайваста, боиси расидани хисороти ҷиддӣ ба соҳаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла, роҳҳои мошингард мегардад. Дар ин рӯзҳо дар


Бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва ниҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 — уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.
Дар масири Душанбе—Чаноқ новобаста аз бориши барф ҳаракати воситаҳои нақлиёт зери назорати пайваста қарор дорад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.