Имрӯз дар Душанбе ҳавои софу беғубор дар назар аст
Опубликовано пт, 03/08/2018 - 09:19 пользователем tvtБино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорати шабона муътадил боқӣ мемонад ва рӯзона ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 1-2 дараҷа баланд мегардад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 7 август идома хоҳад ёфт.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.


Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, аз 14 то 17 июл дар ҷумҳурӣ, ба истиснои шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 45, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд то 43 ва ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ 36 дараҷаро ташкил медиҳад.