То ба истифодаи агрегати якуми НБО «Роғун» рӯзҳои башумор боқӣ мондааст
Опубликовано чт, 18/10/2018 - 17:39 пользователем tvt
То ба истифодадиҳии агрегати аввали НБО «Роғун» камтар аз як моҳи дигар боқӣ мондааст. Интизор меравад, ки агрегати нахустини ин иншооти аср 16 ноябри соли равон расман ба истифода дода шавад.


Дар сомонаи расмии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» соати ҳисоботи мутақобила насб карда шудааст. Дар он имрӯз мехонем: то ба истифодадиҳии агрегати аввали НБО «Роғун» 30 рӯз монд.
26 июл дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун машварати корӣ доир карданд.