Саттор Турсун: «Бо даст дарёро бастем…»
Опубликовано пн, 05/11/2018 - 09:14 пользователем tvt
16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад. Аз ин рӯ таҷлил намудани Рӯзи Президент- ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан ба миллат аст.


16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Рўзи Президент ҷашнест, ки барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.
16 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз ба вуқӯъ мепайвандад, ки он дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Интизор меравад, ки дар ин рӯзи фархунда чархаи аввали яке аз иншооти муҳиму бузурги аср — «Неругоҳи барқи обии /НБО/ «Роғун» ба кор дароварда шавад.