Дар Душанбе боз як гулгашти нав бунёд мегардад
Опубликовано ср, 22/08/2018 - 13:36 пользователем admin
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт, дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» боз як гулгашти нав бо фаввораҳои муосир бунёд мегардад.


Таъмири асосии роҳи хиёбони Рӯдакии пойтахт, ки 27 июн шурӯъ гардид, то 5 августи соли равон ба анҷом мерасад. Алҳол роҳсозон дар хиёбони мазкур, дар минтақаи майдони «Дӯстӣ», аз буриши кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур то буриши кӯчаи Бухоро корҳои таъмириро ба анҷом расонида, ба асфалтпӯш кардани он машғул мебошанд.