Хабар

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ

Ҳамватанони азиз!

Ба ҳамаи сокинони меҳмондӯсту ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ тавассути заҳмати софдилона дар баробари дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми босазо гузошта истодаанд, инчунин, ба ҳар яки шумо барои пазироии самимона изҳори сипос менамоям.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои нави Комиссариати ҳарбии ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нав дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, дорои тамоми шароити фаъолият барои кормандон мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилиро дар ноҳияи Ванҷ ифтитоҳ намуданд

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ ҳамчунин бинои нави сеошёнаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ин ноҳияро ба истифода доданд.

Страницы