Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи муосири «Чорчаман Хилс»-ро дар Истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и ноҳияи Дарвоз ифтитоҳ намуданд
Опубликовано ср, 19/08/2020 - 21:11 пользователем adminБаъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи «Чорчаман» бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.