Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард дар ноҳияи Дарвоз боздид намуданд

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат дар қисми низомӣ шинос шуданд.

Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозони қисми низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳвол ва имкониятҳои хизматии аскарӣ пурсон шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон дар мавзеи Дашти Лучи ноҳияи Дарвоз санги асос гузоштанд

Дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон санги асос гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати Дашти Луч бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷореъ фаъолият хоҳад кард.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ифтитоҳи Корхонаи микрокалсит дар ноҳияи Дарвоз

19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.

Страницы