Хабар

Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик чорабинӣ доир мегардад

7 ноябр — Рӯзи театри тоҷик. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандон, санъаткорон ва ҳамаи мухлисону ҳаводорони санъати театриро ба таҷлили Рӯзи театри тоҷик, ки имрӯз, 7 ноябр,  соати 17:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим  Лоҳутӣ баргузор мегардад, даъват менамояд.  

Дар театр намоиши порчаҳо аз спектаклҳои давоми солҳои охир таҳияшуда, бахшҳои консертӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ҳунармандон дар назар аст.

Дар ноҳияи Данғара «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» доир гардид

4 ноябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор гардид.

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

06.11.2023, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ҳанӯз бисту нуҳ сол муқаддам аз ҷониби мардуми шарафманди кишвар бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати навини тоҷикон қабул гардид.

Страницы