Хабар

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс Умар Кремлёвро ба ҳузур пазируфтанд

26 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёвро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро ифтитоҳ намуданд

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот бо назардошти талаботи замони муосир дар масоҳати умумии 7 садяк замин бунёд шудааст. Масоҳати худи бино бо назардошти иншооти ёрирасон 125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Страницы