Хабар

Соҳибкор маросими хатнасури 200 нафар кӯдаки ятим ва камбизоатро барпо кард

Дар арафаи Соли нави 2020  аз ҷониби як нафар соҳибкори ватанӣ хотири беш аз 200 нафар кӯдаки шаҳри Роғун  болида гардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки ин соҳибкор бо харҷи беш аз 150 000 сомонӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат, бепарасторону ятимон хатнасур барпо намуда, ба ин қишри ҷомеа туҳфаҳои пулӣ ва солинавӣ тақдим намуд.

Туҳфаи солинавии Шӯрои ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба кӯдакону наврасон

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли нави 2020  бо дастгирии Шӯрои ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳр дар кӯчаи Яҳё Мирфозилови минтақаи манзилии №3-и шаҳри Норак майдончаи варзишии замонавӣ ба истифода дода шуд.

Страницы