Путин қонун оид ба тасвиби созишнома бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилона барои кор дар Россияро ба имзо расонид
Опубликовано пн, 30/12/2019 - 23:33 пользователем admin
Президенти Россия Владимир Путин қонуни тасвиби созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҶТ барои кори муваққатӣ дар ФР-ро ба имзо расонид. Ҳуҷҷат рӯзи шанбе дар портали интернетии расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.