Сарвари давлат: «Тоҷикистон барои истифодаи имкониятҳои логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар сарҳад, ҷиҳати идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон шароити заруриро фароҳам овардааст»
Опубликовано чт, 21/09/2023 - 11:46 пользователем tvtАмнияту субот ва ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бевосита ба вазъи Афғонистон вобастагӣ доранд. Афғонистон ҳанӯз ҳам дучори вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Тавре Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид иброз доштанд, наваду ҳафт фоизи аҳолии Афғонистон дар ҳолати фақр қарор дорад.