Намояндаи Тоҷикистон дар иҷлосияи Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамояд
Опубликовано пн, 18/09/2023 - 16:48 пользователем tvt21-22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф, истифода ва ҳифзи қаъри замини давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок менамояд.