Беш аз 2 миллион рубл қарзи музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик пардохт карда шуд
Опубликовано пт, 18/10/2019 - 12:02 пользователем adminҲафтаи гузашта бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират қарзи музди меҳнати муҳоҷирони тоҷик, ки 2 миллиону 250 ҳазор рублро ташкил медод, аз ҷониби корфармоёни рус пардохт карда шуд.