Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин мулоқот намуд
Опубликовано пт, 18/10/2019 - 11:31 пользователем admin17 октябр дар шаҳри Наннини Ноҳияи мухтори Гуансӣ-Ҷуани Чин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар Форуми ҳафтуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Шэн Юэюэ мулоқот намуд.