Имрӯз аз таъсиси шабакаи «Овози тоҷик» — тарғибгари сулҳу дӯстӣ ва ҳамрайъии халқҳои ҷаҳон, 70 сол сипарӣ гардид
Опубликовано ср, 16/10/2019 - 16:06 пользователем adminИмрӯз аз таъсиси шабакаи бурунмарзии Радиои Тоҷикистон — «Овози тоҷик» 70 сол сипарӣ шуд. 16 октябри соли 1949 дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи бурунмарзии Радиои Тоҷикистон бо ибтикор ва дастгирии академик Бобоҷон Ғафуров созмон дода шуд, ки аввалин сармуҳаррири ин шабака Вазири вақти корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Мӯҳсин Нӯъмонов буд.