Хабар

Шаҳритуз сеюмин ноҳияи пахтакор аст, ки ба марраи мусобиқаи меҳнатӣ расид

Пахтакорони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Шаҳритуз 13 октябр дар бораи иҷрои дурнамои истеҳсоли пахтаи имсола муждаи зафар доданд. Шаҳритуз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол сеюмин ноҳияи пахтакор аст, ки ба марраи мусобиқаи меҳнатӣ расидааст.

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон-2019 оид ба самбо 6 медал ба даст оварданд

Аз 11 то 13 октябр  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд. Дар ин бора  намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд

Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Страницы