Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди сангро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд
Опубликовано вт, 17/09/2019 - 12:39 пользователем admin17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Корхонаи нави коркарди санг дар шаҳри Душанбе — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зиркон» ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Корхонаи нави коркарди санг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд.