Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ санги асос гузошта шуд.

Самти фаъолияти корхонаи нав ба истеҳсоли семент нигаронида шуда, он бо ҷалби сармояи мустақим сохта мешавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони «Мактаби махсуси зеҳнӣ» барои 640 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд

17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаи бунёди Мактаби махсуси зеҳнӣ аз наздик шинос шуда, ба корҳои сохтмони ин иншооти соҳаи маориф оғоз бахшиданд.

Ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омад

16  сентябр   ҳайати кории Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии   муовини аввали  ин мақомот  Азиз Тошпулатов  бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ, мусоидат дар пешгирию мубориза бо ҷинояткорӣ ва баррасии масоили марбут ба фаъолияти хизматии мутақобилан судманд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.  

Страницы