Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд
Опубликовано чт, 12/09/2019 - 09:31 пользователем adminАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи идораи замини ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара сохторҳои зертобеи дар ноҳиябудаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд.