Хабар

Дар шаҳри Ҳисор бо ҳузури муовини Сарвазири Тоҷикистон чанд иншооти нав ба истифода дода шуданд

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири  мамлакат Азим Иброҳим якчанд иншооти ҷашнии дорои таъйиноти гуногун, ки  аз ҷониби соҳибкорони шаҳр бунёд гардидаанд,    ба истифода дода шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру барқарорсозии 21 километр роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб оғоз бахшиданд

11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ оғоз бахшиданд.

Оғози навсозии роҳи «Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин» бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди “Кӯлоб-Қалъаи Хумб” дар қитъаи “А”, ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғози расмӣ бахшиданд.

Страницы