Хабар

Cуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Деваштич

21.08.2019, ноҳияи Деваштич

Ҳамдиёрони азиз!

Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо — роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи хушманзараи Деваштич дар айёми омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ — бистуҳаштумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегирад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Деваштич мавриди истифода қарор доданд

Дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохта, боғи навбунёдро мавриди истифода қарор доданд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр, дарозӣ ва бари матоъ 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштич муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуданд.

Муҷассамаи Деваштич дар яке аз мавзеъҳои зебои ноҳия, дар боғи навбунёд, паҳлуи Парчами давлатӣ бунёд шудааст.

Страницы