Хабар

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истифода доданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, бино имрӯз бо сифати баланд бунёд гардид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии дарахтони себ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд боздид ба амал оварданд.

Боғи интенсивии навъҳои дар бозори ҷаҳонӣ маъруфи себ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми шарикони рушд бо технология ва усулҳои италиявию испанӣ дар майдони 1,88 га бунёд ёфтааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ифтитоҳ намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави Суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Страницы