Хабар

Муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Қудрат 2010» дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар муаррифии Кони ангишти Ғузни Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Қудрат 2010» иштирок карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи ангишти Ғузн соли 2017 таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар корхона 35 нафар сокинони маҳаллӣ дар ҷараёни истихроҷи ангишт ба кор чалб карда шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ба истифода супурдани бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тозабунёди дуошёнаи қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд.

Бинои оташнишонии ноҳия дар кӯтоҳтарин фурсат бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Баробари бунёди иншоот барои фаъолияти дурӯсти кормандони ин сохтор шароити зарурӣ муҳайё гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба истифода доданд

20 августи соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия — шаҳраки Меҳрон бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

Страницы