Хабар

Дар шаҳри Душанбе Чемпионати CAFA-2019 миёни ҷавонон баргузор мегардад

Аз 9 то 15 августи соли  равон  дар шаҳри Душанбе Чемпионати CAFA-2019 миёни ҷавонони то 19-сола доир мегардад. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.  

Паҳлавонони навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ сазовори ду медал гардиданд

Паҳлавонони навраси тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов ва  Шероз Очилов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ сазовори ду медал – нуқраю биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс сазовори медали нуқра гардид

Муштзани маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов дар   Мусобиқаи XXI байналмилалӣ ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов сазовори медали нуқра гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Страницы