Хабар

Ба садама дучор гардидани ҳавопаймои «Ан-2»

04-уми августи соли 2019, соати 10.40 ҳавопаймои таълимии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамғаи «Ан-2», рақами қайди РТ-15-305, соли бароришаш 1978 ҳангоми анҷом додани машқҳои нақшавӣ дар маркази таълимии «Фахробод»-и Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабабҳои техникӣ ба садама дучор гардид.

«ЗЕБОСАНАМ-2019». Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни зебоӣ ва ҳунар баргузор мегардад

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки моҳи август таҳти унвони «Зебосанам -2019» Озмуни ҷумҳуриявии зебоӣ ва ҳунар баргузор намояд. Дар ин бора аз ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

САЛОМАТИИ МАРДУМРО ЗЕРИ ХАТАР НАГУЗОРЕД! Дар шаҳри Турсунзода 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми пастсифат мусодира карда шуд

Мутахассисони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии  Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Турсунзода  дар шаш моҳ  28 ҳазору 350 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро аз ташхис  гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 383 ҳолат  зиёд мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани ташхис  138 тонна маҳсулоти хӯрокии ғайристандартӣ муайян гардид, ки аз он 137 000 кг орди гандуми навъи дуюми воридотӣ аз Қазоқистон мебошад.

Страницы