Хабар

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Набудани нуқтаҳои партов аз мушкилоти асосӣ дар деҳот мебошад»

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди набудани нуқтаҳои партов дар деҳотҷойҳо посух дода, гуфт, ки дарвоқеъ,  камбуди ин нуқтаҳо  аз мушкилоти  асосӣ  дар деҳот  ба ҳисоб меравад.  

Юсуф Раҳмон, Прокурори генаралии Тоҷикистон: «Маҳбусон заҳролуд шуданд, онҳоро ҳеҷ кас лату кӯб накардааст»

Прокурори генералии  Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки дар  иртибот ба  ҳодисаи  заҳролудшавии 14 нафар  маҳбусон  парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст, ки аз рӯи он Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон тафтиш мебарад.  Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон: «Дар нимсолаи аввал дар ҷумҳурӣ 716 ҷинояти дорои характери терористию экстремистӣ ба қайд гирифта шуд»

Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 дар ҷумҳурӣ 716 ҷинояти дорои характери террористию экстремистӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамаи шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар ин бора имрӯз зимни  нишасти хабарӣ  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат изҳор намуд.

Страницы